Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Газета «Овози Тоҷик»

Газета «Овози Тоҷик»

«Овози Тоҷик» газета; дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфт. Шумораи аввал ин «Овози тоҷики камбағал» ном дошт ва он 25 август 1924 чоп шудааст. Аз шумораи 10-ум cap карда, калимаи «камбағал» ихтисор шуд. Ин газета ав­вал ҳамчун органи КМ ПК (б) Туркистон, аз 10 декабри 1924 ҳамчун органи Бюрои тоҷикистонии КМ ПК (б) Ӯзбекистон ва Комитети ин- қилобии РАСС Тоҷикистон, аз июня 1925 ҳамчун органи тоҷикистонии КМ ПК (б) Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон нашр гардид. Аз 1 январ 1931 газета «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном гирифт.

Аз соли 1938 то март» 1950 газета нашр нашуд. 5 марти 1950 вай бо номи «Ӯзбекистони сурх» баромад, аз соли 1964 газета боз «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном гирифт ва ҳоло дар Тошкент нашр мешавад. Дар «Овози тоҷик» маъруфтарин адибону олимони тоҷик — Садриддин Айнй, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ҳамкорӣ кардаанд. Садриддин Айнӣ дар қатори муассисон ба ҳайати таҳририяи «Овози тоҷик» дохил буд. Аввалин муҳаррири «Овози тоҷик»— Абдулқайюм Қурбӣ ва котиби масъул Сайидризо Ализода буданд.

Ғайр аз ин дар редаксия Нисормуҳаммади Афғон, Фахруддини Роҷӣ, Маъруф Расулӣ, Н. Бектош, Ҳоҷӣ *Муин, Козимзода ва дигар кор мекарданд. Солҳои минбаъда дар «Овози тоҷик» ва иловаҳои вай («Мушфиқӣ», «Раҳнамои мухбирон», «Саводи меҳнат») Ҳамза, Б. Азизӣ, ‘Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ш. Садрулин, М. Ҳасанӣ, М. Васфӣ ва дигар ҳамкорӣ кардаанд. «Овози тоҷик» дар мустаҳкам намудани музаффариятҳои Инқилоби Октябр дар ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна, ба­рои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, илму маданият ҳиссаи арзанда гузошт. Аз саҳифаҳои газета тоҷикон бо ҳаёт ва фаъолияти Владимир Илич Ленин шинос шуданд.

«Овози тоҷик» мақолаҳои М. И. Калинин, Я. Э. Рудзутак, Ш. 3. Элиаваро нашр кардааст. Арбобони партиявии тоҷик Шириншоҳ Шотемур, Чинор Имомов ва дигар бо редаксия алоқаи мустаҳкам доштанд. Дар «Овози тоҷик» аввалин повес­ти реалистии тоҷик «Одина ё ки саргузашти як тоҷики камбағал»-и Садриддини Айнӣ аз 23 ноябр 1924 то 5 май 1925 чоп шуда буд. Газета барои ташкили мактабу маорифи тоҷик, нашри китобҳои дарсӣ, соддагии забони адабии тоҷик устуворона мубориза бурд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …