Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Гай Плинай Сесилин Секунд

Гай Плинай Сесилин Секунд

pliny_the_younger

ПЛИНИЙи X у р д, Гай Плинай Сесилин Секунд (61 ё 62, Комум, ҳозира Комо — тақрибан 114), нависанда, олим ва ходими давлатии Рим. Консули 100, легат (сафир ё вакил)-и император дар музофоти Вифиния ва Понт (111—113). Плиний ашрофони сенатп Римро, ки ба сулолаи Юлиён-Клавдиёя ва Флавиён зид, вале  дар аҳди Нерв ва Траян бо ҳукумати император созиш карда буданд, тарафдорӣ менамуд. Аз осори Плиний маҷмӯаи мактубҳо (дар 10 китоб) ва нутқи таҳсиномез ба Траян («Панегирик») боқӣ мондаанд; матни нутқҳои дар мурофиаҳои судӣ эродкарда ва асарҳои назмии ӯ нобуд шудаанд. Мактубҳо барои муайян намудани таърихи афкори маънавию маишӣ, инчунин иқтисодиёту сиёсати империяи Рим манбаи муҳим ба шумор мераванд. Портретҳои ҳамзамонони Плиний низ дар онҳо тасвир шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …