Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Галаҷазираи РЮКЮ

Галаҷазираи РЮКЮ

РЮКЮ, Нансей, галаҷазираест дар Япония, дар байни ҷазираҳои Кюсю ва Тайван. Галаҷазира баҳри Хитойи Шарқиро аз уқёнуси Ором ҷудо мекунад. Аз Шимолу Шарқ ба Ҷанубу Ғарб ба масофаи 1200 км камоншакл тӯл кашидааст. Аз 6 гурӯҳи ҷазираҳо (Осуми, Токара, Амами, Окинава, Мияко ва Яэями), ки 98 ҷазираро дар бар мегиранд, иборат аст. Масоҳати умумии онҳо 4,8 ҳазор км3. Ҷазираҳои калонтаринаш — Окинава ва Амамиосима. Аҳолиаш қариб 1,2 мли нафар (1970).

47

Дар ҷазираҳои шимолу ғарбиаш 3 вулқони амалкунанда ва чанд вулқони хомӯшшуда мавҷуданд. Релефаш асосан аз пуштакӯҳу пасткӯҳқо (300 . —500 м) иборат аст. Серзилзила. Ҷои баландтаринаш 1935 м (ҷазираи Яку). Дар ҷануб ҷазираҳои марҷонӣ бисёранд. Конҳои фосфорит ва ангиштсанг дорад. Иқлимаш дар Шимол субтропикӣ, дар Ҷануб тропикӣ, муссонӣ (боришоти солона 2000—3500 мм); зуд-зуд тӯфонҳо мешаванд. Ҳарорати миёнан январ 14—18°С, июл 27—28°С. Дар пишебии кӯҳҳо ҷо-ҷо бешахон тропикӣ ҳастанд. Шолӣ, батат, найшакар мекоранд. Моҳидорӣ, шоҳибофӣ ривоч ёфтааст. Шаҳри асосӣ ва бандараш Наха (дар ҷазираи Окинава).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …