Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФУТУВВАТНОМА»

«ФУТУВВАТНОМА»

«ФУТУВВАТНОМА» асари манзуми шоири асри 12 Аттор, ки ба оини ҷавонмардӣ (футувват) оид аст. Аз 82 байт иборат буда, дар баҳри ҳазаҷ навишта шудааст. Шоир дар «Футувватнома» фикру андешаҳои худро оид ба оини ҷавонмардй ҷамъбаст намудааст. Аттор дар оғоз ба мардум муроҷиат карда, онҳоро ба риояи оини ҷавонмардӣ даъват менамояд. Шоир мӯътақид аст, ки зимни омӯзиши улуми замона инсон бояд амалияи ҷавонмардиро низ бишиносад. Аттор 72 шарти асосии ҷавонмардиро ба қалам додааст. Ба ақидаи шоир, ростӣ нахустин шартӣ ҷавонмардист:
Нахустин ростиро пеша кардан,
Чу некон ба бадӣ андеша кардан.
Дигар шартҳои ҷавонмардӣ низ дар асар баён шуда, бештар ақидаҳои гуманистии шоирро ифода кардаанд. Қ. Восеев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …