Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФУТУРОЛОГИЯ

ФУТУРОЛОГИЯ

ФУТУРОЛОГИЯ (аз лотинӣ futurum — оянда ва …логия), дар маънои васеаш — маҷмӯи тасаввурот дар бораи ояндаи Замин ва инсоният, дар маънои махдудаш — соҳаи донишҳои илмӣ, ки пешомади инкишофи ҳодисаҳои иҷтимоиро меомӯзад. Футурологияро ба маънои пешбинӣ ва пешгӯӣ низ истифода мебаранд. Истилоҳи «Футурология» дар илми советӣ барои ифодаи таълимотҳои ғайримарксистӣ (Футурологияи буржуази) истифода мешавад.

future

Истилоҳашро соли 1943 сосиологи немис О. Флехтхейм пешниҳод кардааст. Дар футурологияи буржуазӣ якчанд ҷараён вуҷуд дорад. Аз байни онҳо ислоҳотчиён зарурати ба сосиализм «наздик» шудани капитализмро исбот карданӣ мешуданд, радикалистони чап ногузирии ҳалокати «тамаддуни Ғарб»-ро дар натиҷаи револютсияи илмию текникӣ талқин менамуданд.
Ба таълимоти мухталиф ва зиддиятноки футурологияи буржуазӣ пешбинии илмии марксисти-ленинӣ муқобил меистад, ки ба нуктаҳои назариявии материализми диалектикӣ ва таърихӣ такя мекунад. Нигаред низ Коммунизми илмӣ. С. Сафаров

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …