Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФУТУРИЗМ

ФУТУРИЗМ

ФУТУРИЗМ (аз лотинӣ futurum — пешомад, оянда), ҷараёни адабии авангардиест (нигаред Авангардизм), ки солҳои 10—20 асри 20 дар Италия ва Россия пайдо шудааст. Сарвар ва назариётчии футуризм дар Италия Ф. Т. Маринетти — муаллифи «Манифести футуризм» (1909) буд. Дар ин манифест идеологияи буржуазӣ, ақоиди зиддиинсонӣ ва ҷангҷӯӣ талқин шудаанд. Дар адабиёт футуристон берабтӣ, «забони телеграфӣ», вайронсозии қонунҳои грамматика, истифодаи аломатҳои шартӣ, рамзу тамсилро ба ҷои аввал мегузоштанд. Инчунин рад кардани мероси адабии гузашта, васфи зӯриву ҷанг, ғояҳои шовинистӣ, мадҳи теосника, инкори эҳсосоти табиии инсон — ишқ, хушбаҳтӣ, ғояҳои адолат, инсондӯстӣ ва ғайра меъёри футуризм буданд.
Дар Россия футуризм солҳои 1911—13 дар ҳайати гурӯҳҳои ҷудогона ташаккул ёфт. Дар асоси футуризми рус масъалаҳои демократикунонии адабиёту санъат, инкори анъанаҳову мероси маданию адабӣ ва нормаҳои ахлоқии гузашта, гоҳо ҳарҷу марҷ ва бесарусомони дар тасвири воқеият ва ғайра меистоданд. Баъзе футуриотони рус (масалан, В. В. Маяковский) воқеиятро бо услуби хоси эҷодӣ ба тасвир мегирифтанд. Футуризми русро ба эгофутуризм ва кубофутуризм ҷудо мекунанд. Намояндагони эгофутуризм ба мавзӯъҳои таърихии ғайрииҷтимоӣ майл доштанд. Тарафдорони кубофутуризм (В. В. Маяковский, Н. Н. Асеев) бо забони плакат, ҳуҷҷат, афиша, лексикаи вулгарӣ, жаргонҳо, унсурҳои наср ва ғайра ҳам бошад, то андозае ба мавзӯъҳои ҳаётӣ дахл мекарданд. Баъди Револютсияи Октябр бисёр намояндагони футуризм бо сардории В. В. Малковский ба платформаи Ҳокимияти Советӣ гуваштанд. Муносибати нигилистонаи футуристонро ба мероси мадании гузашта ва даъвоҳои намояндагони онро дар бораи «санъати давлатӣ» ва маданияти пролетарӣ будани Ф. В. И. Ленин танқид кардааст.
Баъзе хусусиятҳои соддалавҳона ва нишонаҳои зоҳирии футуризмро дар ашъори шоирони навҷӯй ва навқалами тоҷик, ки дар саҳифаҳои матбуоти солҳои 20 чоп мешуданд, дарёфтан мумкин аст.
Адабиёт: Ленин В. И., О литературе и искусстве, 4 издателство, Москва, 1969. С. Табаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …