Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФУТУҲ-УЛ-БУЛДОН»

«ФУТУҲ-УЛ-БУЛДОН»

«ФУТУҲ-УЛ-БУЛДОН» («Фатҳи кишварҳо»), асари таърихии Балозурӣ, ки баъди соли 869 таълиф шудааст. «Футуҳ-ул-булдон» аз 90 боб иборат аст. «Футуҳ-ул-булдон»-ро аз рӯи хронология, мазмун ва сохт ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст. Дар қисми аввал ҳиҷрати Муқаммад аз Макиа ба Мадина ва забткориҳое, ки ба онҳо худи Муқаммад дар нимҷазираи Арабистон ибтидо гузошта буд, тасвир ёфтаанд. Қисми дуюми асар таърихи истилои Ироқ ва ҳаракати истилогарони арабро ба сӯи Шарқ ва Шимолу Шарқ (истилои Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва қисми Ҳинду Синд) дар бармегирад. Қариб чоряки «Футуҳ-ул-булдон» (22 боб) ба воқеаҳои гуногуни таърихию маданӣ («Аз ислом рӯ гардонидани қабилаҳои араб», «Баргардонидани девон аз форсӣ ба арабӣ», «Дар бораи коғаз», «Сохтани шашри Куфа», «Сохтани шаҳри Басра», «Сикка задани тангаҳо», «Хат», «Дар бораи мӯҳр» ва ғайра) оид аст. Дар яке аз бобҳои «Футуҳ-ул-булдон» (боби фатҳи Хуросону Мовароуннаҳр) маълумоте оварда шудааст, ки дар дигар сарчашмаҳо нест (иштироки чағониён дар коалисияи зиддиарабии хуросониҳо дар соли 652; Чағониёнро забт кардани Ҳакам ибни Амр, Тирмизро забт кардани Рашид ибни Усмон, ҳуҷуми Саид ба Хуталон ва ғайра). «Футуҳ-ул-булдон» барои таҳқиқи таърихи Осиёи Миёна ва Хилофати араб сарчашмаи муҳиммест. Асар ба забонҳои форсӣ, русӣ, аиглисӣ ва немисӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Адабиёт: Гаибов Г., Ал-Балозури и его пройзведение «Завоевание стран». «Издателство Отделении общественных наук Академии Наук Таджикской ССР», 1971, № 4. Ғ. Ғоибов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …