Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФУТУҲОТИ шоҳӣ»

«ФУТУҲОТИ шоҳӣ»

«ФУТУҲОТИ шоҳӣ» асари таърихии Амир Садруддин Султон Иброҳими Амини (асри 16), ки ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. «Футуҳоти шоҳӣ» аз ду дафтар (ҷилд) иборат аст. Ҷилдӣ аввал дорои 5 боб буда, боби 1-ум дар бораи офариниши оламу одам ва асосгузорони дини ислом; боби 2-юм дар бораи 23 соли аввали ҳукмронии Хилофати араб (ҳаёти Муҳаммад); боби 3-юм дар бораи ҳаёти Алӣ ибни Абитоллб ва имомҳои шиа; боби 4-ум дар бораи гузаштагони шоҳ Исмоил; боби 5-ум давоми бевоситаи боби 4-ум буда, дар бораи 12 соли ҳаёти шоҳ Исмоил, забткориҳои ӯ ва ғайра баҳс мекунад. Ҷилди 2-юм низ ба бобҳои алоҳида ҷудо шуда, дар онҳо оид ба ҷанг ва ғалабаҳои Исмоил (забти Кавказ, Табрез, Шероз, Султония, Бағдод, Хуҷистон, Мозандарон, Хуросон, қисми Мовароуннаҳр) ва ғайра маълумот дода шудааст. «Футуҳоти шоҳӣ» бо номи «Шоҳаншоҳнома» низ зикр шудааст. «Футуҳоти шоҳӣ» барои омӯхтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию мадании асри 16, муносибати сулолаи Сафавиёни Эрон ва Шайбониёни Мовароуннаҳр ва ғайра сарчашмаи муҳимме мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …