Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФУСУЛИ БУҚРОТ»

«ФУСУЛИ БУҚРОТ»

«ФУСУЛИ БУҚРОТ» (лотинӣ Согрus Hipposraticum), номи маҷмӯи асарҳои тиббие, ки донишҳои назарӣ ва амалии мактабҳои тиббии Кос, Кинд ва Кротонро дар бар мегиранд. Бино ба ақидаи аксар муҳаққиқон «Фусули Буқрот» ҳанӯз асри 3 то мелод маълум буд. Асарҳои «м» «Оид ба парҳез ва бемориҳои шадид», «Ҳикматҳо», «Оид ба ҳаво, об, маҳал», «Вабо» «Оид ба ҷароҳатҳои сар», «Одоби духтур», «Қасамномаи духтур» ва ғайра ба қалами худи Буқрот тааллуқ доранд. Қисматҳои алоҳидаи он оид ба 250 доруи наботӣ, 50 доруи ҳайвонӣ ва тарзи истнфодаи онҳо маълумот медиҳад. Асарҳои «Фусули Буқрот» масъалаҳои алоҳидаи тиб ва соҳаҳои гуногуни он (масалан, санъати духтурӣ, муносибати духтур ба бемор, пешгӯии беморӣ, ҷарроҳӣ ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Қисматҳои асосии «Фусули Буқрот»-ро бо шарҳи Ҷолинус Ҳусайн ибни Исҳоқ (809—877) ба арабӣ тарҷума намудааст. Маҷмӯаи мазкур ба забонҳои лотинӣ (1525), юнонӣ (1526) ва немисию франсавӣ (асри 17)) низ тарҷума ва нашр шудааст. Фусули Буқротро ба русӣ соли 1814 М. Я. Мудров, 1840 С. Волский ва 1848 П. Шюса тарҷума кардаанд. Дар СССР солҳои 1936—44 нашри сеҷилдаи Фусули Буқрот ба табъ расид. Аа нашрҳои хориҷии Фусули Буқрот нашри даҳҷилдаи Литре аҳамияти бештар дорад. Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …