Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУРУҒИ ФАРРУХЗОД

ФУРУҒИ ФАРРУХЗОД

ФУРУҒИ ФАРРУХЗОД (1935, Теҳрон—1967, ҳамон ҷо), шоираи эрони. Дар дабиристони «Хусрави Ховар» таҳсил кардааст. Сипас дар Ҳунаристонн бонувон хайётӣ ва наққоширо омӯхтааст. Дар садамаи автомобил ҳалок шудааст.
Аз сездаҳсолагӣ ба шеърнависӣ сар карда буд. Дар ҳабдаҳсолагӣ нахустин маҷмуаи ашъораш бо номи «Асир» аз чоп баромад (1852). Шеърҳои баъдинааш дар маҷмуаҳои «Девор» (1957), «Исён» (1958), «Таваллуди дигар» (1964) ва «Баргузидаи ашъор (1965) гирд омадаанд.
Мавзӯи асосии шеърҳои Фуруғи Фаррухзод тавсифи хушиҳои зиндагӣ, дилрабоии зан, сӯзу гудози ишқ аст. «Зиндагӣ», «Эътироф», «Гурезу дард», «Даъват» ва дигар шеърҳояш бо шӯру шавқ ва ҳиссиёти баланд эҷод шудаанд. Қаҳрамони лирикии шоира пеш аз ҳама зан—модар, зани ошиқ, ҷӯянда, поксиришт ва муборизест, ки аз дарду алам ва беҳуқуқии зан сухан гуфта, мақоми ӯро дар ҷамъият баланд мебардорад. («Шеъре барои ту», «Зевари зан», «Исён», «Ба хоҳарам», «Рози ман» ва ғайра. Намоишномаи «Иоаннаи муқаддас»-н Бернард Шоуро ба форсӣ тарҷума карда буд. Дар кино низ ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ӯ 2 киносенария, 2 романи нотамом ва тарҳҳои зебои наққошӣ боқӣ мондаанд. Дар ватанаш ба унвони «малика ва ситораи шеър», «оқилаи аср» ва «шоираи бузург» машҳур аст.
Ашъораш дар Тоҷикистон шӯҳрати зиёд дорад. Ба забони русӣ низ тарҷума шудаанд.
Осор: Таваллуди дигар, Душанбе. 1983.
О. Қаҳҳорова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …