Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ – Фурсатуддавла

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ – Фурсатуддавла

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ Сайид Мирзо Муҳаммад Насири Ҳусайнӣ, машҳур ба унвони Мирзо Оқо ва лақаби Фурсатуддавла (1854/55, Шероз—1921, ҳамон ҷо), шоир ва адиби эронӣ. Аҷдодаш аҳли завқу адаб ва аз ҳунармандону табибони машҳури Шероз буданд. Фурсати Шерозӣ ба шеъргӯӣ аз ҷавонӣ сар кард. Дар ин ҷода устодонаш Шайх Муфид ва падараш буданд. Ашъори Фурсати Шерозӣ дар девони ашъоре шомили қасоид, ғазалиёт, тарҷеот, рубоиёт ва ғ. фароҳам омадаанд, ки бо номи «Дабистони фурс» (нашри Бамбай, 1916) машҳур аст. Ба қалами Фурсати Шерозӣ инчунин маснавие маъруф ба «Ҷаҳрнома» (дар бораи маҳалли зод- гоҳи аҷдоди шоир) тааллуқ дорад. Осори дигари илми ва адабии Фурсати Шерозӣ «Осори Аҷам» ё худ «Шерознома» (китоби ҷомеест роҷеъ ба таърихи шаҳри Шероз), «Шатранҷия» (дар ташреҳи шатранҷ), «Дарёи кабир» (оид ба улуми замони муаллиф), Буҳур-ул-алҳон» (дар илми мусиқӣ ва арӯз) ва ғайри мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …