ФУРЕ (Ғоurier) Жан Батист Жозеф (21. 3. 1768, Осер—16. 5. 1830, Париж), математик ва физики франсавӣ, аъзои фахрии хориҷии Академияи Фанҳои Петербург (1829). Асарҳояш ба алгебра, муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи математики оиданд. Асари машҳури у «Назари таҳлилии гармӣ» (1822) нуқтаи муҳиме барои ба вуҷуд овардани назариян қаторҳои тригонометри гардид.