Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУРЕ ШАРЛ

ФУРЕ ШАРЛ

ФУРЕ ШАРЛ (7. 4 1772, Безансон—10. 10. 1837, Париж), сосиалисти хаёлии Франсия. Аз оилаи тоҷир. Баъди хатми мактаб худомӯзӣ кардааст. Тамоми умр дар тиҷоратҳонаҳо кор кардааст.
Фуре сохти буржуазиро сахт танқид карда, тарҳи барномаи ҷамъияти ояндаеро кашидааст, ки дар он як «ҳамоҳангӣ»-и муайяне ҳукмрон буда, барои зоҳир шудани ҳамаи қобилияти инсон гӯё шароит фароҳам меомада бошад. Қисми асосии ҷамъияти нави ӯро иттиҳодияҳои намунавии меҳнатӣ (фалангаҳо) ташкил медоданд. Онҳо мебоист истеҳсодоти ҳамаи соҳаҳои саноат ва хоҷагии қишлоқро ба роҳ мемонданд. Фуре тахмини ҷасуронае дар бораи ҷамъияти коммунистӣ (меҳнат ҳамчун талабот ва манбаи хушию ҳаловати инсон, аа байн рафтанн зиддняти байни меҳнати фикрню ҷисмонӣ ва ғайра) карда буд. Баробари чунин ақидаҳо ӯ моликияти хусусиро рад накард ва барҳам хӯрдани синфҳоро намепазируфт. Ҷамъиягги нав, ба фикри Фуре, бо роҳи тарғиби озодонаи ғояҳои сосиалистӣ ба амал меояд. Пайравони Фуре дар Франсия В. Консидеран, дар Россия М. В. Петрашевский буданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …