Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУРӮҒӢ Мирзо Аббоси Басгомӣ

ФУРӮҒӢ Мирзо Аббоси Басгомӣ

ФУРӮҒӢ Мирзо Аббоси Басгомӣ (1798, Бастом—1857), шоири эронӣ. Дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад ва Кирмон зистааст. Фуруғӣ шоири ғазалсарост. «Мискин» тахаллус дошта, дар пайравии Саъдӣ ва Ҳофиз ғазалҳои ошиқона сурудааст. Солҳои охири ҳаёташ ба ашъору осори орифони номӣ Боязиди Бастомӣ ва Мансури Ҳаллоҷ рӯ овард ва ғазалиёташ бештар мазмуни ирфонӣ гирифтанд. Девоин ғазалиёти Фуруғӣ, ки 3500 байт дорад, соли 1957 дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …