Маълумоти охирин

ФУНДУҚ

ФУНДУҚ, финдиқ, фивдуқ, бундуқ, ритта, ҷавзи ҷангалӣ, қурси ҷангалӣ (Соrуlus аvеllаnа), як навъ буттаи мевадорест (аз оилаи фундуқиҳо), донаи гирдаи майдаест аз ҷинси ҷавз, ки пӯчоқаш сахти сурхтоб буда, мағзашро мехӯранд. Дарахти фундуқ 3—9 м қад мекашад. Дар ҷангалзори паҳнбарг ва бешаи омехта месабзад. Чунин меҳисобиданд, ки фундуқи худрӯй дар Тоҷикистон барҳам хӯрдааст. Ба наздикӣ (1977—78) фундуқи худрӯйро дар ду маҳалли ҳавзаи дарёи Ёс (соҳили рости Кофарниҳон) — наздики деҳаи Ёс (1350 м аз сатҳи баҳр) ва соҳили рости дарёи Ёс (байни деҳаи Ёси Поён ва Ёси Боло; 1440 м аз сатҳи баҳр) дарёфт намуданд.

funduk

Дар ин ҷойҳо фундуқ асосан бо ирғай, дӯлона, бодом, татум, фарк, олуча ва ғайра ҳамроҳ месабзад.
Фундуқ буттаи сояпарвард аст, дар ҷои кушод нашъунамо намекунад. Онро аз тухм, қаламча, бехҷаст ва фарғун зиёд мекунанд. Баъди 4—5 сол ба ҳосил медарояд. Фундуқи мазрӯъ то 150—180 сол умр мебинад.
Фундуқ аз қадим маъмул аст. Онро ба монанди челон, чормағз, бодом ва ғйра фаровон парварнш мекарданд. Чунон ки дар «Таърихи Наршахӣ» қайд шудааст, «…дар ин чаҳорбоғҳо меваҳои алвон фаровон — аз ношпотӣ ва бодом ва фундуқ ва гелос ва унноб». Мағзи фундуқро, ки хеле серғизост, тару хушк ё зирбонда истеъмол мекунанд; он 56—71% равған, 14—48% сафеда, 3,5% қанд, 3— 8% ангиштоб, витаминҳои гурӯҳи В ва Е -ва намаки оҳан дорад. Дар қаннодӣ (масалан, ҳалвопазӣ ва ғайра) низ хеле зарур аст. Аз он равғани хӯрданбоби хушҳазм мекашанд; барои тайёр кардани собун, шамъ, рангу лок ва ғайра низ истифода мебаранд. Мағзи фундуқро кӯфта, бо об ҳамроҳ карда «шир» ё «қаймоқ» тайёр менамоянд, ки хӯроки хушҳазми парҳезист.
Оид ба хусусиятҳои шифоии фундуқ дар асарҳои Дисқуридус (Диоскорид), Ҷолинус (Гален), Абӯҳанифаи Диноварӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва дигарон маълумот ҳаст. Масалан, Сино бо фундуқ шақиқа (мигрен), дарди сар, сарчархӣ, фалаҷи асаби руй, молихулиё ва ғ-ро табобат мекард. Бехи фундуқро барои муолиҷаи зиққи нафас, сулфаи куҳан, хунпартои, зотулҷанб (плеврит) тавсия медод. У мағзи фундуқро подзаҳри ғунда ва каждум меҳисобид. Фундуқро дар Боғи ботаникии институти ботаникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон аз соли 1934 ин ҷониб мепарваранд. Дар ин боғ то 4—4,5 м қад мекашад, гулу мева мекунад.
Адабиёт: Флора Таджикской ССР. том 3, Л., 1968; Султанов С.. Новое местонахождение лещины обыкновенной в Таджикистане. «Изв. Академии Наук Таджикской ССР» Отдел биологический наук. 1979, № 3(76). М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …