Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРУНЗЕ Михаил Васильевич

ФРУНЗЕ Михаил Васильевич

ФРУНЗЕ Михаил Васильевич (тахаллуси партиявиаш Арсений, Трифоныч; 2. 2. 1885, Пишпек, ҳоло шаҳри Фрунзеи РСС Қирғизистон—31. 10. 1025, Москва), ходими партиявӣ, даивлатӣ ва ҳарбии советӣ, назариётчии ҳарбӣ. Аз оилаи фелдшери ҳарбӣ.
Аъзои Партияи коммупистӣ аз соли 1904. Маи 1905 яке аз роҳбарони корпартоии Иваново-Вознесенск буд. Солҳои 1909—10 ду маротиба ба қатл маҳкум шудааст. Солҳои 1910—15 дар бадарға буд. Аз бадарға гурехта, дар армия корҳои революсионӣ мебурд. Солҳои Ҷанги гражданӣ дар қӯшуни Гурӯҳи ҷанубӣ ва ҳангоми торумор намудани Колчак дар Фронти Шарқӣ фармондеҳи армия буд. Солҳои 1919—20 фармондеҳи Фронти Туркистон, соли 1920 ҳангоми торумор кардани қӯшуни Врангел фармондеҳи Фронти Ҷанубӣ. Солҳои 1924—25 ҷонишин ва раиси СҲР-и СССР ҷонишини раиси СКХ ва комиссари халқӣ оид ба корҳои ҳарбӣ ва баҳрӣ ва дар айни ҳол сардори Штаби Армияи Сурхи Коргару Деҳқон, аъзои Совети меҳнат ва мудофиа. Таҳти роҳбарии Фрунзе солҳои 1924—25 ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида шуд. Таълифоти илмие дорад, ки дар инкишофи санъати ҳарбии советӣ ва ташаккули таълимоти ҳарбии советӣ нақши муҳимме гузоштааст. Аз соли 1921 аъзои КМ КПСС, аз соли 1924 номзад ба аъзои Бюрои Сиёсии Комиетти Марказӣ. Аъзои КИМУ ва КИМ-и СССР. Бо 2 ордени Байрақи Сурх ва Яроқи фахрии роволюсионӣ мукофотонида шуддаст. Дар Майдони Сурх дафн гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …