Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРУНЗЕ Константин Васильевич

ФРУНЗЕ Константин Васильевич

ФРУНЗЕ Константин Васильевич (21. 1. 1881, шаҳри Пишпек, ҳозира Фрунзе —25. 12. 1940, Москва), иштирокчии фаъоли барпо ва мустаҳкамкунии Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон, асосгузор ва ташкилотчии экспертизаи судию тиббӣ дар Тоҷикистон. Бародари М. В. Фрунзе.
Соли 1933 бо таклифи Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустни РСС Тоҷикистон ба Душанбе омад. Аввал эмоперти судию тиббии шаҳри Душанбе ва мушовири Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии республика ва аз соли 1937 сарэксперти судию тиббии Комиссариати халқии нигахдории тандурустии РСС Тоҷикистон шуда кор кард. Аз 23 маи 1939 нафақахӯри шахсӣ. Фрунзе бо унвони «Қаҳрамони меҳнат», нишони «Аълочии нигаҳдории тандурустӣ», бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Адабиёт: За народное дело, в. 2, Душанбе, 1974.
А. Қодиров, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …