Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФРОНТИ ХАЛҚӢ

ФРОНТИ ХАЛҚӢ

ФРОНТИ ХАЛҚӢ, як навъ иттиҳоди оммаи халқ барои мубориза ба муқобили фашизм ва ҷанг, баҳри сулҳ, демократия, прогресси иҷтимоӣ, истиқлоли миллӣ ва қонеъгардонии талаботи иқтисодии меҳнаткашон. Асоси фронти халқӣ фронти ягонаи коргарон мебошад. Синфи коргар бо сарварии партияҳои коммунистию коргарӣ ташаббускор ва роҳбари фронти халқӣ мебошад. Коягресси 7-уми Коминтерн (1935) тактикаи фронти халқиро ҳаматарафа асоснок намуд. Ҳайъати иҷтимоӣ, программаи конкретии фронти халқӣ вобаста ба шароити таърихӣ, ҷойгиршавии қувваҳои синфии дохили мамлакат ва миқьёси ҷаҳонй тағйир меёбад. Солҳои 1936—38 дар Франция, 1936— 39 дар Испания, 1938—41 дар Чили ҳукуматҳои фронти халқӣ амал мекарданд. Дар ролҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар бисёр мамлакатҳо дар заминаи фронти халқӣ Ҳаракати Муқобилат авҷ гирифт; фронтҳои миллӣ ба вуҷуд омада, дар як қатор мамлакатҳо дар ғалабаи революсияҳои халқии демократӣ ва сосиалистӣ саҳми калон гузоштанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …