Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФРЕОНҲО

ФРЕОНҲО

ФРЕОНҲО, хладонҳо, номи техникии як гурӯҳ карбогидридҳои ҳадноки галогендорро гӯянд, ки ба сифати моддаҳои сардкунанда дар яхдонҳо истифода мешаванд. Фреонҳо газҳои берангу бӯй ё моеъ буда, дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ва дар об бад ҳал мешаванд. Масалан, ССI2Ғ2 (ф-12), газ, t ҷӯшиш. 29,8°С; ССI3Ғ (ф-11) моеъ, t ҷӯшиш 23,8°С; Фреонҳо бозарар ва натаркандаанд. Зиёда аз 40 намуди фреонҳо маълуманд. Онҳоро дар косметика, саноати хӯрокворӣ, дорувор, рангубор ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …