Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРЕЙМАН Александр Арнолдович

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович ((22. 8. 1879, Варшава —19. 1. 1968, Ленинград), эрошпиноси сове- тӣ, аъэо-корр. АФ СССР (1928), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1949). Аз оилаи хизматчӣ. Баъди хатми университети Петроград (1903) барои омӯзиши забонҳои эронии қадим ба Германия рафт. Аз соли 1917 дар университети Петроград дарс мегуфт ва аз соли 1934 корманди Шӯъбаи ленинградии институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР. Зиёда аз 100 мақола ва асарҳои илмӣ дорад. Соҳаҳои асосии таҳқиқоташ омӯзиши осори хаттии қадимаи эронӣ ва таърихи забон мебошад. У асосгузори мактаби муосири забоншиносии таърихию муқоисавии забоншиносии эронист. Баъзе достонҳои «Шоҳнома»-ро низ таҳлил кардааст. Соли 1933 ба экспедисияи кӯҳи Муғ сардорӣ карда буд. Мақолаҳояш дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ чоп шудаанд. Узви ҷамъиятҳои шарқшиносии Полша, Германия, Америка буд.
Адабиёт: Соколов С. Н., А. А. Фрейман. (К 100-летию со дня рождения). Вестник Ленинградского университета. Л) 20, История, язык, литература, 4, 1979; Розенфелд А. 3., Выдающийся советский иранист (К 100 летию со дня рождения А. А. Фреймана). дар маҷмуаи; Забоншиносии тоҷик, Душанбе. 1980.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …