Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФРЕЙДИЗМ

ФРЕЙДИЗМ

ФРЕЙДИЗМ, номи умумии мактабу ҷараёнҳои мухталифро гӯянд, ки ҳодисаҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятиро аз мавқеи таълимоти фалсафию антропологӣ ва психологии З. Фрейд шарҳ медиҳанд. Он аз таҷрибаи психологӣ ҳамчун методи таҳқиқи беихтиёронаи ҷараёни психикӣ фарқ мекунад. Дар таълимоти таҷриоаи психологӣ омилҳои лоиродӣ на фақат ҳамчун асоси такомули фарди алоҳида, балки сабаби пешрафти тамаддун, муносибатҳоп ҷамъиятӣ, ахлоқ, санъат ва қонунҳои иҷтимоӣ таҳқиқ шудаанд, ки ба онҳо фрейдизм аҳамияти махсус медиҳад.
Аввал фрейдизм байни мутахассисонн соҳаи тиб, психологияи иҷтимоӣ ва ғайра машҳур шуд. Дар фалсафа низ принсипҳои онро барои шарҳу тадқиқи масъалаҳои шахсият, ҷамъият ва маданият истифода бурдаыд. Хусусан баъди солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар натиҷаи бӯҳрони ҷамъияти капиталистӣ ва маданияти он фрейдизм зуд интишор ёфт. Солҳои 30 дар замигнаи фрейдизм ҷараёни неофрейдизм ташаккул ёфт. Дар ҳамин вақт фрейдизм ба санъатшиносӣ, модернизми бадеӣ, сюрреализм, психология ва ғайра низ таъсири калон расонд.
Фрейдизми муосир таълимоти ягона набуда, он ба соҳаҳои мухталифи илмҳои фалсафа, психология, хусусан назарияи санъати буржуазӣ таъсири калон дорад. С. Наврӯзов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …