Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ФРАНСИЯ

ФРАНСИЯ

ФРАНСИЯ (Ғrance), Республикаи Франсия (Republicue Ғгаncaise), давлатест дар Европаи Ғарбӣ. Аз ғарб ва шимол бо халиҷи Бискай ва гулугоҳи Ла-Манши уқёнуси Атлантик, аз ҷануб бо баҳри Миёназамин (халиҷи Лиоя ва баҳри Лигурия) иҳота шудааст. Масоҳаташ 551 ҳазор км2. Аҳолиаш 55,4 млн нафар (январ 1985), 93% аҳолӣ франсавиҳо, аҳолии шаҳрӣ беш аз 73%. Забони расмӣ франсавӣ. Диндорон асосан католикҳоянд. Пойтахташ шаҳри Париж.

1372258

Франсия аз ҷиҳати маъмурӣ ба 96 департамент тақсим шудааст. Ба ҳайати Франсия «департаментҳои онсӯибаҳрӣ» — Гваделуна, Мартиника, Гвиана, Реюнон, ҷазираҳои Сен-Пер ва Микелон, инчунин «ноҳияҳои онсӯибаҳрӣ» — ҷазираҳои Каледонияи Нав, Полинезияи франсавӣ ва Кергелен, Уоллис ва Футуна дохиланд. Сардори давлат— президент. Парламент аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Сенат иборат аст.
Релефи ноҳияҳои ғарбӣ ва шимоли мамлакатро ҳамвориҳои паст ва теппаҳо (пастии Гаронна, ҳавзаи Париж), инчунин кӯҳҳои паст ташкил медиҳанд. Дар ҷануб ва ғарб кӯҳҳои баландиашон миёна (кӯҳҳои Марказии Франсия, Вогезла Юра), дар ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқ кӯҳҳои баланди Пиреней ва Алп (куҳҳои Монблан 4807 м, баландтарин нуқтаи Европа) воқеъ гаштаанд. Иқлим мӯътадили баҳрӣ, дар шарқ ба континентӣ мегузарад; дар соҳили баҳри Миёназамин субтропикии баҳри миёназаминист. Ҳарорати миёнаи январ 1—1(ГС, июл 16—24°С. Боришоти солона 600—1000 мм, дар кӯҳҳо 2000 мм ва аз ин ҳам зиёдтар. Дарёҳои калон: Сена, Луара, Рона, Гаронна; аз шарқи мамлакат дарёи Рейн мегузарад. 24% ҳудуди мамлакат бешазор аст.
Дар давраи қадим дар ҳудуди Франсия галлҳо (келтҳо) истиқомат мекарданд, аз хамин сабаб Франсияро дар он давр Галлия меномиданд. Миёнаи асри 1 то мелод Галлияро римиҳо забт карданд; аз охири асри 5 мелод қисми асосии давлати Франкҳо буд. Соли 843 баъди барҳам хӯрдани империяи Каролингҳо ва мувофиқи Шартномаи Верден дар ҳудуди ҳозираи Франсия шоҳии Франки Ғарбӣ ташкил шуд; аз асри 10 онро «Франсия» меномидагӣ шуданд. То миёнаи асри 12 дар Франсия парокандагии феодалӣ ҳукмрон буд. Соли 1302 баъди даъват шудани аввалин Штатҳои генералӣ дар Франсия ҳокимияти мутлақа ба вуҷуд омад. Ба инкншофи иқтисодиёти Франсия ҷанги садсола (1337—1453) монеъ гардид. Дар натиҷаи бад шуданни аҳволи халқ шӯриши Париж (1357—58)—Жакерия бархост. Мутамарказонии давлат асосан дар нимаи дуюми асри 15 дар давраи ҳукмронии Людовики XI ба анҷом расид. Мутлақият баъди Ҷангҳои динни асри 16 боз ҳам мустаҳкам гардид вадар аҳди Людовики XIV ба дараҷаи олии худ расид. Дар асрҳои 15—17 шоҳони франсавӣ ба муқобили Габсбургҳо (Ҷанги Италия, 1494—1559; Ҷанги сисола 1618—48) муддати дароз муориза бурданд. Революсияи Кабири Франсия сохти мутлақаи феодалиро барҳам дод. Соли 1792 Франсия республика (республикаи якум) эълон шуд. Зинаи олии ин революсия диктатураи якобинчиён буд. Табаддулоти термидор соли 1794 ғалабаи контрреволюсияи буржуазиро таъмин намуд. Тартиботи Директорияро (1795 —99) диктатураи ҳарбии Наполеон [сараввал дар шакли Консулӣ, аз соли 1804 дар шакли империя (империяи якум)] иваз намуд ва сохти буржуазиро боз ҳам мустаҳкам кард.
Стансияи электрии атомии Шинон дар соҳили дарёи Луара.
Ҷанги ватании соли 1812 боиси шикаст хӯрдани империяи Наполеон гардид. Дар давраи азнавбарқароршавии мутлақият (1814—1815, 1815— 30) ҳукмронии сиёсӣ ба дасти дворянҳо ва рӯҳониён гузашт. Дар натиҷаи Революсияи июли 1830 басари ҳокимият аъёну ашрофи молиявӣ омад. Дар натиҷаи революсияи февралии 1848 республикаи буржуази Греспубликаи дуюм) барпо шуд. Минбаъд револютсия 1848 инкишоф наёфт.
Соли 1852 империяи дуюм муқаррар гардид ва он дар натиҷаи ҷанги Франсияю Пруссия (1870—71) барҳам хӯрд. Республикаи сеюм ташкил гардид (1870—1940). 18 марти 1871 дар Париж аввалин дар ҷаҳон революсияи пролетарӣ ба амал омад (нигаред Коммунаи Париж) ва онро буржуазия бераҳмона пахш кард. Соли 1875 конститусияи республикаи сеюм қабул гардид. Солҳои 1879—80 якумин партияи марксистӣ — Партияи коргарӣ таъсис ёфт. Дар ибтидои асри 20 ҳаракати сосиалистӣ суст шуд ва дар натиҷа Партияи сосиалистии Франсия (бо роҳбарии Ж. Гед, П. Лафарг ва дигарҳо) ва Партияи сосиалистии франсавӣ (бо роҳбарии Ж. Жорес) ташкил шудавд. Соли 1905 ин ду партия бо ҳам муттаҳид гардиданд. Дар охирҳои асри 19— аввали асри 20 капиталиами Франсия бадавраи империализми (ба ибораи В. И. Ленин, капитализми судхур) дохил шуд. Охири асри 19 ташаккули империяи мустамликадории Франсия асосан ба охир расид. Франсия дар ҳайати Антанта дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок намуд ва ҷанг бо шартноман Сулҳи Версал (1919) ба фоидаи импориалистони Франсия анҷом ёфт. Мувофиқи ин шартнома Ф. Элзас ва Лотарингияро баргардонида гирифт. Дар интервенсияи зиддисоветӣ иштирок кард. Солҳои 1918—20 ҳаракатҳои революсиомӣ авҷ гирифт. Соли 1920 Партияи коммунистии Франсия таъсис ёфт. Франсия бо СССР аз соли 1924 алоқаи дипломатӣ дорад. Соли 1935 оид ба ёрии ҳамдигарй шартномаи СССР— Франсия имзо шуд. Январи 1936 дар асоси фронти ягонаи коргарӣ [Партияи коммунистии Франсия (ПКФ) ва Партияи сосиалистӣ (СФИО), 1934] Фронти халқӣ таъсис ёфт. Ҳукумати Фронти халқӣ фаъолияти ташкилотҳои фашистиро манъ кард, барои беҳтар намудани шароити меҳнаткашон чораҳо андешид (ҳафтаи кории 40-соата, отпускҳои пулӣ ва ғайраро ҷорӣ кард). Соли 1938 Фронти халқи пароканда шуд. Доираҳои ҳукмрони Франсия роҳи «оромкунии» фашистони таҷовузкорро пеш гирифтанд, ки он ба сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Соли 1940 қӯшунҳои Германия ва Италияи фашистӣ Франсияро забт карданд. Тартиботи фашистии «Виши» ба вуҷуд омад. Ташкилкунандаи асосии Ҳаракати муқобилат бар зидди фашизм Партияи коммунистии Франсия буд, ҳаракати «Франсияи озод» (аз соли 1942— «Франсияи мубориз») бо роҳбарии Ш. де Голл низ дар ин мубориза роли муҳим бозид. Охири 1944 (дар натиҷаи амалиёти қӯшунҳои коалисияи зиддититлерӣ ва Ҳаракати (муқобилат) Франсия озод карда шуд. Солҳои 1944—47 ба ҳайати ҳукумат коммунистон ҳам дохил буданд; ислоҳоти иҷтюмоии прогрессивӣ гузаронида шуд, конститусияи республикаи 4-ум қабул гардид (1946). Соли 1949 Франсия аъзои НАТО ва аз соли 1957 аъзои Иттиҳоди иқтисодии Европа (ИИЕ) шуд. Франсия соли 1954 шартномаи Женеваро оид ба сулҳ дар Ҳиндухитоӣ имзо кард. Соли 1958 коиститусияи республикаи 5-ум қабул шуд, ки он ҳуқуқҳои ҳокимияти иҷроияро бар зарари ҳокимияти қонунбарор васеъ намуд. Ш. де Голл президенти Франсия интихоб гардид. То соли 1960 дар вазъияти парокандашавии системаи мустамликадории империализм бисёр мустамликаҳои дар Африка будаи Франсия истиқлолият ба даст оварданд (аз ҷумла Алҷазоир, соли 1962). Бо мақсади мустаҳқам кардани мавқеи байналхалқӣ ва таъмин намудани мустақилияти сиёсати хориҷии худ аз блоки НАТО баромад (1966). Муносибати худро бо мамлакатҳои сосиалистӣ, пеш аз ҳама бо СССР, хеле беҳтар кард. Дар ҳаёти сиёсии дохили Франсия корпартоии умумии соли 1968 аҳамияти калоя дошт: Соли 1981 бо дастгирии Партияи Коммунистии Франсия ва дигар қувваҳои чап номзади сосиалистҳо Франсия Миттеран президенти Франсия юнтихоб шуд.
Франсия мамлакати мутараққии индустриалист. Аз рӯи ҳаҷми истеҳсолои саяоатӣ дар байни давлатҳои муттараққии капиталистӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Мавқеи капитали монополияҳо ва давлат калон аст. Дар иқтисодиёт гуруҳҳои калони монополистии молиявию саноатӣ (Ротшилд, де Вандел ва дигар) ҳукмронанд. Дар саноат ба дараҷаи баланд консентрасияи истеҳсолот дида мешавад; дар хоҷагии қишлоқ саҳми истеҳсолоти майда ва миёна калон аст. Франсия ба хориҷа капитал мебарорад; дар хоҷагии Франсия мавқеъи капитали хориҷа калон аст. Дар саноат қариб 28%, дар хоҷагии қишлоқ 11% аҳолии қобили меҳнат банд аст (1975). Соли 1984 дар Франсия 18 млн т ангиштсанг ва 6,3 млрд м3 гази табиӣ истиҳроҷ шуд. Аз хориҷа нефт меоварад. Соли 1984 Франсия 309,7 млрд кВт°с энергияи электр истеҳсол кард, аз ҷумла дар ГЭС-ҳо 67,1 млрд кВт°с, дар стансияҳои электрии атомӣ 180,0 млрд кВт°с. Соли 1984 Франсия 14,8 млн т маъдани оҳан, 1,7 млн т боксит истихроҷ кард. Соли 1984 дар Франсия 14,7 мли т чуян, 19 млн т пӯлод, 343,5 ҳазор т алюминий, инчунин ба миқдори зиёд руҳ, сурб, мис ва дигар металлҳои ранга гудохтанд. Мошинсозӣ оҳан асосии саноат ба ҳисоб меравад (1/3 қисми тамоми коргарони соҳаи саноат дар он кор мекунанд). Автомобилсозӣ (3,34 млн автомобил соли 1984, асосан ширкатҳои «Рено», «Пежо», «Ситроен»), киштисозӣ, самолётсозӣ соҳаҳои муҳимми мошитсозӣ месохтанд. Саноати химия, нефт, таҳвили нефт низ тараққӣ кардааст. Маҳсӯлоти саноати бофандагӣ, либосдӯзӣ ва чарчилворӣ, саноати хӯрокворӣ аҳамияти экспортӣ дорад. Калонтарин ноҳияҳои саноатӣ инҳоанд: Париж, Ноҳияи Шимолӣ, Лотарингия ва Лион. Зиёда аз 60% ҳудуди Франсия барои хоҷагии қишлоқ истифода мешавад. Чорводорӣ соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ мебошад (23,6 млн сар гов; 12,3 млн сар гӯсфанд; 11,4 млн сар хук, 1984; парандапарварӣ). Зироати ғалладона (32 млн т гандум, 1984; ҷав, ҷуворимакка), лаблабуи қанд, тамоку ва ғайра кишт мекунанд. Тоқдорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ ривоҷ ёфтааст. Тӯли умумӣи роҳи оҳан 35,0 ҳазор км (1980),. 1/4 қисмаш электриконида шудааст; роҳҳои автомобилгард 80 ҳазор км (1960). Дарёҳои Сена, Рейн ва каналҳои Сена — Шимол, Марла — Рейн киштигарданд. Нефтепроводҳои асосиаш: Марсел — Лион —Страсбур — Карлсруэ (РФГ) ва Гавр—Париж. Бандарҳои асосӣ: Марсел, Гавр, Руан, Дюнкерк; аэропортҳои калонтарин: Париж — Орли, Бурже ва Шарл де Голл. Ба хориҷа асосан мошину таҷҳизот, автомобил ва дигар воситаҳои нақлиёт, либос, пойафзол, озуқаворӣ мебарорад. 1/2 ҳиссаи савдои берунӣ ба мамлакатҳои МИБ рост меояд (асооан ба РФГ). Туризми хориҷа инкишоф ёфтааст (27,3 млн нафар, 1984). Воҳиди пул — франки фратсавӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …