Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРАНС Анатол

ФРАНС Анатол

ФРАНС (Ғгаnсе) Анатол (номи аслиаш Анатол Франсуа Тибо,) (1844—1924), нависандаи франсавӣ. Дар романҳои «Ҷинояти Силвестр Боннар» (1881), «Ақоиди Ҷаноби Жером Куаняр» (1893) танқиди ҷамъияти буржуазӣ ба назар мерасад. Дар романи «Таис» (1890) таассуби мазҳабии дини исавӣ мазаммат шудааст. Танқиди сохти буржуазӣ дар силсилароманҳои «Таърихи даври муосир» (1897—1901) боз ҳам амиқтар гардидааст. Мавзӯи романҳои ҳаҷвии фантастикии «Ҷазираи пингвинҳо» (1908) ва «Исёни фариштаҳо» (1914) ҳаҷви сиёсӣ ва муборизаи зидди дин мебошад. Револютсияи Каири Сосиалистии Октябр шубҳаву рӯҳафтодагии ӯро доир ба инқилоб ва ҷиҳатҳои мутараққии он дигар кард. Франс дар охири умраш тарафдори ғояҳои сосиализм шуд. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1921).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …