Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОЗИЛИИ САМАРҚАНДӢ Муҳаммадфозил

ФОЗИЛИИ САМАРҚАНДӢ Муҳаммадфозил

ФОЗИЛИИ САМАРҚАНДӢ Муҳаммадфозил (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 16 умр ба сар бурдааст. Тоҷир будааст. Пас аз сафари якчанд кишвар ба Самарқанд баргашта, ба хидмати яке аз ҳокимони давр дохил шуд. Дар шоирӣ тазкиранигор Мутрибиро устоди худ медонист ва аксар ашъорашро аз назари ӯ мегузаронид. Маснавие бо номи «Бону ва Эҳдо» (1500 байт) таълиф карда будааст. Аз осораш ғазалҳо ва абёти пароканда боқист.

У. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …