Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФОТИМАЧУМЧУҚ

ФОТИМАЧУМЧУҚ

ФОТИМАЧУМЧУҚ (Рагus major bucharensis), як навъ паррандаи гунҷишкмонандро гӯянд. Дар шикамаш рахи сиёҳ ва дар ду тарафи сараш холҳои секунҷаи сафед дорад. Торисар ва зери гулӯи фотимачумчуқи нарина сиёҳ аст. Парҳои канори думи фотимачумчуқ сафед, болаш кабуди хокистарӣ, нӯлаш сиёҳ ва пойҳояш кабудчаи хокистарианд. Дар туғайзору боғоти соҳили дарёҳои Сир, Зарафшон, Кофарниҳон, Вахш, Панҷ ва ғайра (400— 2500 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад. Дар ковокии дарахтон лона сохта, миёнаҳои март 6—8 (баъзан то 17) тухм мегузорад. Хурокаш ҳашарот, тортанак, меваи буттаву дарахтон. Фотимачумчуқ ба ҷангалпарварию боғдорӣ фоида мерасонад. И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …