Маълумоти охирин

ФОСИЛА

ФОСИЛА (арабӣ — масофаи байни ду чиз; сутун), 1) дар илми аруз ва мусиқии классикии тоҷик рукнест, ки асосан вазн ва ритмро ифода мекунад. Фосила се навъ аст: суғро, кубро ва уммо. Фосилаи суғро аз се мутаҳаррики пай дар пай ва як сокин таркиб меббад («фаилун» — «тананан»):
Чу рухат қабувад гули боғи Ирам,
Чу қадат набувад қади сарви чаман.
(Салмони Соваҷӣ).
Фосилаи кубро аз чаҳор мутаҳаррики пай дар пай ва як сокин сохта мешавад («фаилатун» — «танананан»). Фосилаи узмо аз панҷ мутаҳаррики пай дар пай ва як сокин иборат аст мутафаилун/фаӯл);
2) дар назарияи мусиқии классики ва адвор фосила нишонаи зинаҳои ҷойгирии ҷамъ (қатори овозҳо) ва мақомҳоро ифода карда, ҳамчун аломат ва шаклҳоест, ки дар мавриди ҷудо кардани ченакҳои вазн, лаҳн ва зарб истифода мешаванд (нигаред низ Бӯъд).
Адабиёт: 3ехнӣ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979;
У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …