Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом

ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом

ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 15). Форуқӣ дар вилояти Биҳори Ҳиндустон ба дунё омадааст. Форуқӣ муаллифи фарҳанги «Шарафномаи Аҳмади Маньярӣ» мебошад. Дар тазкираҳо ва дар фарҳанги зикрёфта шеърҳои ӯ (қасидаҳо, манзумаҳои хурд, ғазалҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Номаҳо ва ваъзҳои Форуқӣ дар китоби Маъдан-ул-маонӣ» фароҳам омадаанд. Оромгоҳи ӯ дар шаҳри Лакҳнав зиёратгоҳи омму хос аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …