Маълумоти охирин

ФОРТЕПИАНО

ФОРТЕПИАНО (италиянӣ Fortepiano аз forte — баланд ва рiano — оҳиста, паст), асбоби мусиқии клавишдори торӣ. Солҳои 1709—11 дар Италия Б. Кристофори ихтироъ кардааст. Торҳояш бештар аз 90 қаторовози хроматикй ҳосил карда метавонад.

e59b2b4d237d7f75213cb440ec394fbc

Диапазонаш васеъ буда 71/4 октаваро дар бар мегирад. Ҳамчун асбоби якканавози ва ҷӯршаванда дар ансамбл, баъзан дар оркестр истифода мешавад, Намудҳояш пианино ва роял. Барои фортепиано бастакорони классик ва муосир, аз ҷумла бастакорони тоҷик Ш. Сайфиддинов, 3. Шаҳидӣ, Д. Дӯстмуҳаммадов, Я. Сабзанов, Ҷ. Охунов, М. Атоев ва дигарон асарҳои зиёде офаридаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …