Маълумоти охирин

ФОРИСӢ

ФОРИСӢ Абӯалӣ Ҳасан ибни Аҳмад ибни Абдулғаффор ибни Муҳаммад (901, шаҳри Фесои Форс — 987, Бағдод), забонишиноси араб. Эроннажод. Дар осори Форисӣ бештар масъалаҳои сарфу наҳви забони арабӣ тадқиқ шудаанд («Ҷавоҳир-ун-наҳй», «Китоб-ут-тазкира», «Ал-масоил-ул-мушкила», «Ал-Иғфол фӣмо ағфалаҳу аз-Заҷҷоҷ филмаонӣ» ва ғайра). Муҳимтарин асари Форисӣ дар ин бобат «Ал-Эзоҳ фин-наҳв» мебошад, ки аз се қисм — «Ал-Эзоҳ», «Ат-Такмила», «Китоб-ул-азудй» иборат аст.
У дар ин китоб дар хусуси ҳиссаҳои нутқ, бандакҳо (анҷомаҳо) ва вазифаи синтаксисии онҳо, морфология ва фонетикаи забони арабӣ маълумот медиҳад; барои шарҳи қавоид аз ашъори шоирони араб ва Қуръон мисолҳо овардааст. То асри 14 асари Форисӣ барои омӯзиши грамматикаи забони арабӣ дастури муҳимме ба шумор мерафт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …