Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОНВИЗИН Денис Ивановнч

ФОНВИЗИН Денис Ивановнч

ФОНВИЗИН Денис Ивановнч (11. 4. 1744 ё 1745, Москва —12. 12. 1792, Петербург), нависандаи рус. Дар оилаи дворянин таваллуд ёфтааст.
Солҳои 1755—62 дар гимназияи назди Университети Москва таҳсил кардааст. Соли 1762 тарҷумони Коллегняк корҳои хориҷӣ таъин шуда, ба Петербург мекӯчад. Солҳои 60 асри 18 ҷаҳонбинии маорифпарварии Фонвизин ташаккул ёфт: вай чун тарафдори таълими умумӣ ва тадриҷан озод кардани деҳқонони крепостной баромад карда, идеали сиёсиаш ҳукмрони мутлақи бомаърифат буд. Муаллифи асарҳои «Нома ба хизматгоронам Шумилов, Ванка ва Петрушка» (1769), «Бригадир» (1768— 69), «Норасида» (1781) ва ғайра Мақоми асарҳои Фонвизин дар инкишофи театри рус калон аст. Онҳо ба эҷодиёти И. А. Крылов, А. С. Грибоедов, Н. В. Гогол, А. Н. Островский хеле таъсир расонидаанд. Соли 1783 баъди нашри якчанд асари ҳаҷвии Фонвизин Екатеринаи II чопи асарҳои ӯро манъ кард. Соли 1788 ба нашри панҷҷилдаи осори мунтахабаш иҷозат дода нашуд. Танҳо (бе змкри номи муаллиф) повести «Каллисфен»-ро (1786) чопкардаи муяссар гардид. Фонвизин яке аз бузургтарин намояндагони реализми маорифпарварии рус, офарандаи аввалин комедияи миллии рус, ба қавли А. С. Пушкин, «дӯстдори озодӣ» буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …