Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОНИИ ШЕРОЗӢ

ФОНИИ ШЕРОЗӢ

ФОНИИ ШЕРОЗӢ (Хоҷа Муҳаммад ибии Маҳмуди маъруф ба Деҳдор (соли таваллуд номаълум — вафот 1608, Сурат, Ҳиндустон), шоир ва донишманди эронӣ. Илмҳои расмии даврро дар Шероз омӯхтааст. Пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори ҳокимони он диёр хидмат кардааст. Фонии Шерозӣ пайрави тасаввуф будааст. Аз ӯ девони ашъор иборат аз қасоид, ғазалиёт, тарҷеот, рубоиёт ва ғайра, маснавие ба номи «Ҳафт дилбар», инчунин 17 рисолаи тасаввуфӣ боқӣ мондааст, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд. Фонии Шерозӣ ба «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарӣ ва «Нафаҳот-ул-унс»-н Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ғайра ҳошияҳо (шарҳ) навиштааст. Тафсири якчанд сураи Қуръон низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …