Маълумоти охирин

ФОНӢ

navoi

ФОНӢ тахаллус Алишери Навоӣ дар асарҳои ба забони тоҷикӣ таълифкардааш. Ашъори (ғазалиёти) тоҷикии Навоӣ дар «Девони Фонӣ» фароҳам омадаанд. Алишери Навоӣ баъзе асарҳои ӯзбекии худро низ (чунончи, «Лисон-ут-тайр»-ро, ки асари тасаввуфӣ мебошад), бо тахаллуси Фонӣ навиштааст. Аз таҳлили гуфтаҳои Навоӣ дар боби «Сабаби тағйири тахаллус дар ин китоб», яъне «Лисон-ут-тайр», муҳаққиқи эҷодиёти Алишери Навоӣ — Е. Э. Бертелс ба хулосае омадааст, ки тахаллусҳои шоир на танҳо ба забони асарҳояш, балки ба мазмуну мундариҷаи онҳо ҳам вобастаанд.
С. Воҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …