Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОМВИХАН Кейсон

ФОМВИХАН Кейсон

ФОМВИХАН Кейсон (таваллуд 13. 12. 1920, музофоти Саваннакхет), ходими сиёсӣ ва давлатии Лаос. Соли 1942 ба муборизаи ватандӯстонаи халқи Лаос ба муқобили истилогарони япон ва мустамликадорони франсавӣ хамроҳ шуд.
Соли 1949 ба Партияи Коммунистии Ҳиндухитой дохил шуда, то ташкили Партияи халқии революсионии Лаос (ПХРЛ, соли 1955) аъзон он буд. Соли 1950 вазири мудофиаи ҳукуматп Муқобилати Лаос таъин гардид. Аа соли 1955 Котиби генералии Комитети Марказии Партияи халқии революсионии Лаос. Ҳамон сол сарфармоидеҳи қувваҳои мусаллаҳи ватандӯсти Лаос таъин шуд. Аз соли 1959 ҷойнишини раиси Комитети Марказии Фронти ватандӯсти Лаос. Аз декабри 1975 сарвазири Республикаи Халқии Демок ратии Лаос.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …