Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОМАИ АКВИНӢ

ФОМАИ АКВИНӢ

foma

ФОМАИ АКВИНӢ, Фома Аквинат (Тhomas Аguinas) (1225 ё 1226, қалъаи Роккасеккаи наздикни Акуино, Италияи Ҷанубӣ—7. 3. 1274, дайри Фоссануова, Италиял Ҷанубӣ), файласуф ва илоҳиётшиноси асримиёнагӣ, ташаккулдиҳандаи схоластикаи ортодоксалии асрҳои миёна, асосгузори томизм, роҳиби доминикаиӣ (аз 1244). Дар Университети Неапол (1239—44), сипас дар назди Алберти Бузург дар Университети Париж (1245—48) ва Университети Кёлн (1248— 1257) илм омӯхтааст. Аз соли 1257 доктори Университети Париж. Дар Париж, Келн, Рим ва Неапол дарс гуфтааст. Аз соли 1323 ба қатори шахсони муқаддаси калисои католикӣ дохил ва соли 1567 ҳамчун «муаллими панҷуми калисо» эътироф шудааст. Дар асарҳои асосиаш натиҷаи ҷустуҷӯҳои теологию расионалистии схоластикаи ташаккулёфтаро ҷамъбаст кардааст.
Фалсафаи идеализми объективии фомаи аквинӣ зимни шарҳи динин таълимоти Арасту ва ба динн масеҳӣ мувофиқ кунондани он ба вуҷуд омадааст. Зимни тадқиқи фалсафаи Арасту фомаи аквинӣ аз ғояҳои материалистии он сарфи назар карда, унсурҳои идеалистии (таълимот дар бораи собит будани муҳаррики аввал ва ғайра) онро пурзур намуд. Дар натиҷа таълимоти сирф идеалистии модда ва сурат ба миён омад, ки мувофиқи он модда бе сурат вуҷуд дошта наметавонад, вале сурат бе модда мавҷуд буда метавонад.
Хусусияти муҳимми таълимоти фомаи аквинӣ ба дин тобеъ кардани фалсафа мебошад. Принсипи асосии фалсафаи уро таносуби дину хирад ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ хирад ба исботи оқилонаи худо ва радди ақидаҳои мухолифи ҳақиқати дин қодир аст.
Дар этикаи фомаи аквинӣ таълимоти «қонунҳои табиӣ»-е, ки бо амри худо ба вуҷуд омада, дар руҳи этикаи Арасту таъбир шудааст, мақоми хос дорад. Аз соли 1879 системаи схоластии фомаи аквинӣ ба таври расмӣ «фалсафаи ягонаи ҳақиқии католисизм» эълон гардида, аз тарафи идеологҳои антикоммунизм барои муборизаи зидди ҷаҳонбииии илмии марксистӣ истифода мешавад. Минбаъд дар асоси таълимоти фомаи аквинӣ таълимоти динию фалсафии неотомизм ба вуҷуд омад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …