Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОЛКНЕР Уилям

ФОЛКНЕР Уилям

ФОЛКНЕР (Faulkner) Уилям (25. 9. 1897, Н.-Олбани, штати Миссисипи — 6. 7. 1962, Оксфорд, штати Миссисипи), нависандаи америкоӣ. Аз оилаи заминдор. Асари аввалинаш китоби шеърҳои «Фавни мармарӣ» (1924) дар зери таъсири символизми франсавӣ навишта шудааст. Муаллифи романҳои «Дар бистари марг» (1930), «Маъбад» (1931), «Нуру зиёи август» (1932), «Авеосалом, Авессалом!» (1936), «Деҳа» (1940), «Шаҳр (1957), «Ҳавлӣ» (1959), «Ҳаромкор» (1948) ва «Масал». Жанри дӯстдоштаи Фолкнер ҳикоя буд: маҷмуаҳои «Инҳо сенздаҳ нафар» (1931), «Фаро, Мӯсо» (1942) ва ғайра Фолкнер нависандаи миллӣ ва классики адабиёти ҷаҳонии асри 20 аст. “Ӯ тақдири Америкаи Ҷанубӣ, гузаштаву ҳозира, асотир, маданияту забон ва ҳаёти онро дар асарҳояш тасвир намудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …