Маълумоти охирин

ФОЛ

ФОЛ фолбинӣ, фолгӯӣ, усулҳои гӯё пешгӯӣ кардани қисмати одамон ва ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳоро гӯянд, ки тавассути ашёи мухталиф ва ё ҳайвону паррандаҳо сурат мегиранд. Фол дар давраи тақсимоти иҷтнмоии меҳнат, дар аҳди модаршоҳӣ ба вуҷуд омадааст. Он дар маъхазҳои илмӣ ба ду гурӯҳ (зоҳирӣ ва ботинӣ) ҷудо мешавад. Маъмулан мувофиқи вазъи ҷирмҳои осмонӣ (нигаред Саноати танзим), оташ, тағйироти табиӣ (раъду барқ, жола, борон ва ғайра), китобҳои муқаддас, ҷасаду овози ҳайвонот, ҳаракати мор, оина, қарта ва ғайра фол мебинанд, ки ба гурӯҳи фоли зоҳирӣ дохил мешаванд. Ба гурӯҳи дуюми фол хоббинӣ (таъбири хоб), мулоқот бо арвоҳ ва ғайра дохиланд.

cccad30de74a502d17113d8d45597cbc

Бобулиён, этрускҳо, римиҳо барои фол ҷигари чорвои қурбонишударо ба кор мебурданд. Бисёр халқҳо барои фолбинӣ аз устухон, донаю решаҳои дарахтону растаниҳо ва ғайра истифода мекарданд. Дар Осиёи Миёна зиёда аз 40 намуди фол вуҷуд дошт. Фолбинҳо бо сангча, такрорӣ сухан, пахта, пиёла ё худ косаи об ва ғайра фол медиданд. Фол яке аз пояҳои маънавии мистика мебошад. Дар гузашта аз рӯи вазъи ҷирмҳои осмонӣ фол дидан дар Шарқу Ғарб хеле маъмул буд ва дарборҳо мунаҷҷимони махсус доштанд. Аз рӯи китоб фол дидан ҳанӯз дар Юнони Қадим вуҷуд дошт ва минбаъд дар Европа низ маъмул гашт. Дар Руси Қадим роҷеъ ба фол китоби махсусе таълиф гардидааст. Дар Шарқ бештар аз рӯи деволи Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирон фол медиданд. Фол ҳоло дар ШМА, Франсия, РФГ ва дигар мамлакатҳо инкишоф ёфтааст. Соли 1954 дар ШМА, бори аввал Конгресси умумиҷаҳонии фолбинҳо барпо гардид. Ҳоло танҳо дар Франсия расман 34 ҳазор фолбини касбӣ ҳаст, ки рӯзе ба 50 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд. Бо фолбинӣ бештар лӯлиҳо машғуланд. Фолро баъзе динҳои миллӣ, қабилавӣ (қисман ҷаҳонӣ) дастгирӣ мекунанд. Ислом фолбиниро ҳамчун амали ба тавҳид зид намепазирад. Нигаред низ Ашколи рамл.
О. Муродов, М. Мирраҳимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …