Маълумоти охирин

ФОХТА

ФОХТА, куку (Сисиlus саnorus subtelephanus), як навъ паррандаест мусичамонанд (аз қатори фохташаклҳо), аммо аз вай калонтар, парҳояш холдор) ва гарданаш тавқдор. Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад. Дар бешазори кӯҳҳо, тӯғайзори соҳили дарёҳо, боғот ва ғайра зиндагӣ мекунад.

foxta

Аввали май омада, сентябр парида меравад. Тухмашро (15—25) дар лонаи дигар паррандагони хурд мегузорад. Баъди 11,5 шаборӯз аз тухм чӯҷа мебарояд. Фохтаҳо ҳашароти зараррасони бешазорро нобуд мекунанд. И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …