Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОФАНОВА Марианна Петровна

ФОФАНОВА Марианна Петровна

ФОФАНОВА Марианна Петровна (таваллуд 21. 10. 1921, заводи Пудеми РАСС Удм), шоира ва тарҷумони советии рус. Аз оилаи коргар. Соли 1943 ба Тоҷикистон омад. Соли 1949 институти адабии ба номи Горкийро хатм кард ва мухбири «Литературная газета» таъин гардид. Фофанова мушовири Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи назми журнали «Памир» буд. Ҳоло машғули кори эҷодист.
Аввалин шеърҳо ва тарҷумаҳои Фофанова соли 1944 ба табъ расидаанд. У муаллифи маҷмуаҳои «Нишонаҳои роҳ» (1953), «Офтоби кӯҳсор» (1957), «Роҳи сафед» (1957), «Боди аср» (1961), «Нақши таваллуди ту» (1964), «Мунтахабот» (1971), «Дар роҳи нур» (1977, ба забони тоҷикӣ), «Борони баҳорон» (1980), «Дар остонаи замин» (1982) ва ғайра, инчунин достонҳои «Дараи Анзоб», «Дар роҳ», «Салом, Лутфия», «Боди аср» мебошад. Як силсила сурудҳо бо номи «Норакидухтар» навиштааст.
Мавзӯи ашъори Фофанова васфи кишвари зебо — Тоҷикистон, тасвири зиндагии мардуми тоҷик, ҳаёти ҷавонон, ишқу орзуҳои ширини ҷавонӣ, деҳқонони тоҷик ва ғайра мебошад. Фофанова ашъори барои бачагон навиштаи шоирони муосири тоҷик, ашъори классикон («Мунтахабот»-и Убайди Зоконӣ; «Дурдонаҳо» — «Классикони Шарқ дар бораи дустӣ, сулҳ, меҳнат ва муҳаббат»), асарҳои фолклори тоҷик (4 ҷилд, ҳамроҳи В. Кириллов) ва ғайраро ба русӣ тарҷума кардааст. Бо медалҳо ва грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1953 узви Иттифоқи Нависандагони СССР.
М. Музаффарова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …