Маълумоти охирин

ФОҶИА

ФОҶИА (арабӣ — бадбахтӣ, мусибат), трагедия, яке аз жанрҳои драма мебошад, ки бар конфликти тезу тунд асос ёфтааст ва қаҳрамонҳои асосии он дар охир ба ҳалокат мерасанд. Дар фоҷиа масъалаҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ, таърихӣ ва фалсафӣ, задухӯрдҳои азими зиндагӣ, муборизаи навию кӯҳнагӣ, мавзуъҳои умумибашарӣ ифода меёбанд. Фоҷиа дар Юнони Қадим тақрибан асри 5 то мелод пайдо шудааст. Нахустин фоҷианависон Эсхил (ки ӯро К. Маркс «падари фоҷиа» номидааст), Софокл ва дигарон буданд. Дар фоҷиаҳои давраи Эҳё (асарҳои У. Шекспир, Лопеде Вега ва дигарон) муборизаҳои муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва феодализм инъикос ёфтаанд. Фоҷиаҳои Ф. Корнел, Ж. Расин ва дигарон таҳти таъсири классисизм эҷод шудаанд. Дар асри 18 фоҷиаҳои Лессинг, Ф. Шиллер, Волтер, И. В. Гёте дар таъсири ғояҳои буржуазияи навтавлид, ҷараёни маорифпарварӣ ба миен омаданд. Фоҷиаҳои романтикии Ҷ. Байрон. В. Гюго ва дигар зодаи давраи капиталиам мебошанд. Дар драматургияи рус намунаи барҷастаи фоҷиа ба қалами А. С. Пушкин («Борис Годунов», «Фоҷиаҳои хурд») тааллуқ дорад. М. Ю. Лермонтов («Маскарад»), А. Н. Островский («Раъду барқ»), Л. Н. Толстой («Олами зӯлмот»), М. Горкий («Душманон», «Ваоса Железнова») дар инкишофи ин жанр саҳми арзанда доранд. Намунаи барҷастаи фоҷиаҳои адабиёгти советӣ «Тӯфон»-и В. Н. Бил-Белосерковский, «Фоҷиаи оптимистӣ»-и В. Вишневский, «Истило»-и Л. Леонов ва ғайра мебошанд. Дар адабиёти тоҷик фоҷиаҳои Ғани Абдулло («Рустам ва Сӯҳроб»), С. Улуғзода («Темурмалик»), А. Атобоев «Робиаи Балхӣ» ва ғайра) мавҷуданд. С. Табаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …