Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЛОГОПИТ

ФЛОГОПИТ

ФЛОГОПИТ (аз юнонӣ рlogopos) — оташбор, дурахшон), минералест аз гурӯхи абрақҳо. Таркиби химийвиаш К (Мg, Ғе)3 [АISiО10] (ОН, Ғ)2. Дар системаи моноклинӣ кристалл мебандад. Ранги кристаллҳояш бӯр, сабз, сиёҳ. Кристаллҳояш тахтамонанди призмашакл, агрегатҳояш пулакчамонанд.

flogopit-5

Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 2,7—2,9 г/см3. Асосан дар скарнҳои магнезиалӣ, карбонатҳо ва ҷинсҳои ишқории ултраасосӣ вомехӯрад. Бинобар хусусиятҳои зиёди электроизолюсионӣ доштанаш флораро дар саноати электротехникӣ кор мефармоянд. Онро бо роҳи сунъӣ низ ҳосил мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …