Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЛОБЕР Гюстав

ФЛОБЕР Гюстав

ФЛОБЕР (Ғlaubert) Гюстав (12. 12. 1821, Руан—8. 5. 1880, Круассе, қариби Руан), нависандаи франсавӣ. Аз оилаи ҷарроҳ. Аввалин романи барҷастаи ӯ «Хонум Боварm» (1857; тарҷумаи тоҷикӣ 1967) аст. Дар он ҳаёти мешании музофоти реалистона тасвир шудааст. «Саламбо» (1862) романи таърихи, иҷтимоӣ ва реалистӣ буда, дар он рӯҳи зебопарастӣ, муҳаббати романтикии байни Саламбо ва роҳбари муздурони исёнгар Мато нақши муайян дорад. Флобер дар «Тарбияи эҳсос» (1869) анъанаи тасвири Стендал ва Балзакро идома дода, ҳақиқати воқеии ҳаёти Париж ва музофотҳои онро тасвир карда, авомфиребӣ ва дурӯягии буржуазияро фош намудааст. Флобер муаллифи драмаи фалсафии «Васвасаи Антонийи валй» (1874), «Се повест» (1877) ва ғайра мебошад, ки аз байни онҳо повести «Зани соддадил» (тарҷумаи тоҷикии 1956) ва романи нотамоми «Бувар ва Пекюше» мақоми хос доранд. Эҷодиёти Флобер дар таърихи реализми танқидии Франсия давраи нав мебошад. М. Горкий ӯро яке аз нависандагони барҷастаи Франсия ва «устоди бузурги услуб» донистааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …