Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФИЗИОТЕРАПИЯ

ФИЗИОТЕРАПИЯ

ФИЗИОТЕРАПИЯ (аз юнонӣ рhusis —табиат ва терапия), як қисмати тибро гӯянд, ки таъсири физиологии омилҳои табиӣ (об, ҳаво, гармӣ, офтоб ва рӯшноӣ) ва сунъӣ (ҷараёни электрик, майдони магнитӣ ва ғайра)-ро ба организм меомӯзад. ва усулҳои истифодаи онҳоро ба мақсади табобату пешгирии касалиҳо тадқиқ менамояд. Дар мамлакатҳои Шарқи Қадим, Юнон ва Рим аз муолиҷа бо об ва муолиҷа бо нури офтоб васеъ истифода мебурданд. Буқрот (460—377 то мелод) ба таъсири омилҳои табиӣ дар мубориза бар зидди бемориҳои гуногун аҳамияти калон додааст. Абӯалии Сино (980— 1037) дар «Ал-Қонун» муфид будану усулҳои истифодаи омилҳои табии (об, ҳаво, нури офтоб, ҳаммом ва ғайра)-ро баён кардааст. Зимни кашфи электр ва пешрафти физика дар асри 18 физиотерапия (алалхусус, муолиҷа бо ҷараёни электрик) ташаккул ёфт.

odam-fiziology

Минбаъд дар амалияи муолиҷавӣ электри статистӣ (франклинизасия), ҷараёни галваиӣ (галванизасия ва электрофорези доруӣ), ҷараёни тағйирёбандаи асимметрӣ (фарадизасия), ҷараёни баландбасомад (дарсонвализасия, диатермия), инчунин майдони магнитӣ, электромагнитии пастбасомад, баландбасомад, ултрабаландбасомад ва ғайра ҷорӣ шуд. Дар амалияи физиотерапевтӣ аксар вақт доруҳоро низ истифода мебаранд. Физиотерапия чун фасли мустақили тиб аввали асри 20 (вақте ки дар Леже соли 1905 аввалин Конгресси байналхалқӣ оид ба терапияи физикӣ баргузор гардяд) ташаккул ёфт. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр физиотерапия хеле тараққӣ ёфт. Соли 1921 дар Москва Институти физиатрия ва ортопедия (ҳозира Институти курортология ва физиотерапия) таъсис ёфт. Пешрафти минбаъдаи физиотерапия ба тараққиёти электротехника, радиоэлектроника, биохимия, иқлимшиносӣ, балнеология ва курортология зич алоқаманд аст. Физиотерапия дар республика аз соли 1930, вақте ки дар Ленинобод аввалин табобатхонаи физиотерапевтӣ кушода шуд, ташаккул ёфт. Алҳол дар республика 17 шуъба ва кабинетҳои физиотерапевтии шаҳрӣ ва 39 шӯъбаи районӣ амал мекунанд.

Адабиёт: Абу Али ибн Сино. Канон врачебной науки, издателство 2, том I, Ташкент. 1980; Справочник по физиотерапии, Москва. 1976; Физиотерапия в клинике внутренных болеаней, Москва, 1980.        И. Я. Бобохоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …