Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФИЗИОЛОГИЯ

ФИЗИОЛОГИЯ

ФИЗИОЛОГИЯ (аз юнонӣ рhusis — табиат на …логия) илмест, ки фаъ, олияти ҳаётии организмҳо ва системаҳон алоҳидаи онҳо (масалан, ҳуҷайра, бофта, узвҳо)-ро меомӯзад. Физиология бо мақсади ҳаматарафа ва мукаммал фаҳмидани фаъолияти организм (афзоиш, нафаскашӣ, сабзиш, гардиши хун ва ғайра), хосияту зуҳурот ва алоқаи мутақобили организм, ба шароиту муҳити гуногун мутобиқ шудан, инкишофи фардӣ ва ғайраро тадқиқ мекунад.

odam-fiziology

Физиология яке аз қисмҳои муҳимми биология буда, аз фанҳои ҷудогона ва нисбатан мустақиле иборат аст, ки бо ҳам робитаи мустаҳкам доранд. физиологияи растанӣ, физиологияи одам ва физиологияи ҳайвонотро фарқ мекунанд. Физиология умуми, ҷузъӣ, амалӣ, эволюсионӣ, муқоисавӣ, синнусолӣ, экологӣ ва электрофизиология соҳаҳои мустақили физиология мебошанд. Физиологияи умумӣ қонуниятҳои асосии физиологӣ (мутаассирии мавҷудоти зинда ба ангезандаҳои гуногун — ҳаяҷон, боздорӣ ва ғайра)-ро меомӯзад, ки ба ҳама намудҳои организм хосанд.

Хусусиятҳои электрикии организми зиндаро электрофизиология меомӯзад. Физиологияи эволюсионӣ пайдоиш ва таҳаввули просессҳои ҳаётиро вобаста ба эволюсияи умумии олами органикӣ таҳқиқ мекунад. Физиологияи муқоисавй қисмати физиологияи эволюсионист, ки просессҳои физиологии бемӯҳраҳо ва ҳайвоноти мӯҳрадорро дар бар мегирад. Физиологияи синну сол қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи функсияҳои физиологии органиизмро дар ҷараёни онтогенез — аз давраи бордоршавии тухмҳуҷайра то охири ҳаёт меомӯэад. Физиологияи экологӣ асоси фиаиологии ба омилҳои гуногуни муҳит мутобиқ гаштани одам ва ҳайвонотро тадқиқ менамояд. Физиологияи ҷузъӣ просеосҳои ҳаётии гурӯҳ ё намудҳои ҷудогонаи ҳайвонот (масалан, ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, паррандаҳо, ҳашарат ва ғайра) ва узвҳои алоҳида (гурда, дил ва ғайра)-фо меомӯзад. Физиологияи амалӣ аз физиологияи одам ҷудо шудааст. Он қонуниятҳои умумӣ ва алоҳидаи ҳаракати организмҳои зинда (махсусан одам)-ро вобаста ба мақсади хоси онҳо тадқиқ мекунад. Ба физиологияи амалӣ физиологияи меҳнат, физиологияи спорт, физиологияи ғизо, физиологияи авиационӣ, физиологияи кайҳонӣ ва ғайра мансубанд. Ғайр аз ин, физиология шартан ба нормалӣ ва патологй ҷудо мешавад. Физиологияи нормалӣ дар бораи организми солим ва физиологияи патологӣ дар бораи ортализми касал баҳс мекунад. Физиологияи клиникӣ як шохаи физиологияи патологӣ буда, пайдоиш ва тарзи амалиёт (гардиши хун, узви ҳозима, фаъолияти олии асаб ва ғайра)-и организми беморро меомӯзад. Дар натиҷаи робитаи илмии психология ва физиологияи фаъолияти олии асабии психофизиология (илм дар бораи асрори физиологии просессҳои рӯҳия) ба нучуд омад. Физиология асоси назариявии ҳамаи тахассуси тиббӣ, ветеринарӣ ва чорводорӣ буда, бо анатомия, гистология, ситология, биохимия, биофизика ва ғайра робитаи мустаҳкам дорад.

Таълимоти Буқрот ва Ҷолинус (асри 2 то мелод) оид ба хилтҳо (хун, балғам, сафро, савдо) муддати мадид аз тарафи олимони асрҳои миёна истифода шуд. Дар инкишофи физиология инчунии саҳми Ибни Сино калон мебошад. У дар «Ал-Қонун» оид ба мизоҷ маълумоти пурбаҳо додааст. «Рагшиносӣ ё рисола дар набз»- и Синоро дастуруламали нахустин оид ба физиологияи клиникӣ ҳисобидаи мумиин аст.

Физиология чуни илми мустақил аз тадқиқоти духтури англис У. Гарвей (1578— 1657) огоз ёфт, ки мавҷудияти даврҳои калон ва хурди гардиши хунро собит намудааст. Гарвей дилро ҳаракатдиҳандаи хуни организм ҳисоб мекард. У бори нахуст муқаррар кард, ки хун ба артерияҳо аа дил меояд ва тавассути венаҳо боз  ба дил меравад. Аз тарафи олими франсавӣ Р. Декарт (нимаи якуми асри 17) ва баъдтар (асри 18) аз тарафи духтури чех Й. Прохаска кашф шудани тарзи рефлексии кори системаи марказии асаб комёбии намоёни физиология буд. Дар тараққиёти физиология саҳми Н. Б. Введенский (робитаи зичи просесси тасаккун ва таҳайюҷро ошкор намудааст), И. М. Сеченов (соли 1862 просесси боздориро дар системаи марказии асаб кашф кард) бузург мебошад. С. П. Боткин ва И. П. Павлов мафҳуми нервизм (афзалияти системаи асаб)-ро дар физиология ҷорӣ намуданд.

Дар тараққиёти физиологияи системаи марказии асаб саҳми физиологи англис Ч. Шеррингтон низ бузург аст. Тадқиқоти ӯ физиологияи системаи марказии асабро бо маълумоти нав оид ба муносибати мутақобилаи таҳайюҷу тасаккун, табиати тонуси мушакҳо, ихтилоли тонус ва ғайра пурра карданд. Як қатор олимон (Л. А. Орбели, К. М. Быков, Л. С. Штерн. Г. Н. Кассил ва дигарон) оид ба муҳити дохилии организм, танзими асабию ҳуморалӣ (гомеостаз), фаъолияти монеавии организм ва ғайра тадқиқот бурда, соҳаҳои гуногуни физиологияро ривоҷ доданд. Миёнаи асри 20 олими америкон X. Мэгоун ва италиёӣ Ҷ. Морусси фаъолияти физиологии ҷисми тӯршаклро ошкор намуданд. Яке аз комёбиҳои физиологияи советӣ кашфи назарияи системаҳои функсионали (П. К. Анохин) мебошад.

Дар РСС Тоҷикистон тадқиқоти физиологӣ соли 1940, баъди дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон таъсис ёфтани кафедраи физиологияи нормалӣ сар шуд. Ба организми зинда таъсир намудани омилҳои баландкӯҳ ва ба гипоксия (порасоии оксиген) Мутобиқ шуданн ҳайвоноту одам масъалаи асосии омӯзиши физиологҳо буд.

Дар ҳалли масъалаҳои номбаршуда физиологҳои тоҷик И. И. Арав, К. Ю. Аҳмадов, А. П. Жуков, 0. Г. Лорсис ва дигарон саҳми арзанда доранд. Масалан, К. Ю. Аумадов муқаррар намуд, ки вобаста ба зиёд шудани мӯҳлати мӯътодонӣ ҳассосияти организм ба гипоксия суст, валс ҳаяҷонпазирии маркази нафаскашии майна ва консептрасияи пасти СО2 зиёд мешавад. Соли 1978 оид ба гипоксияи минтақаи баландкӯҳ дар шаҳри Душанбе Симпозиуми умумииттифоқӣ гузаронида шуд.

Солҳои охир бисёр механизм (тарз)-ҳои ниҳонии микросиркулясияи хун ошкор шуд, ки яке аз комёбиҳои калони физиология аст. Тадқиқи физиологии ҳолатҳои экстремалӣ (шароити аз ҳад вазнин), аз ҷумла асари бевазнӣ ва парвози кайҳонии тӯлонӣ ба организми кайҳоннавардон хеле авҷ гирифт. Таъсири муҳити қаъри об ба сиҳатӣ ва коршоямии одами муддати мадид дар дохили киштии зериобӣ буда яке аз мавзӯъҳои таҳқиқоти физиологҳои ҳозира мебошад.

Дар Лабараторияи проблемаҳои биологии баландкӯҳи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (роҳбараш аъзо-корр. Академияи Фанҳои республика, профессор Я. А. Раҳимов) муайян карда шудааст, ки дар организми одаму ҳайвоноти дар баландкӯҳ маскун тағйироти калони морфофунксионалӣ (ҳам сохту ҳам фаъолият) ба вуҷуд меояд.

Адабиёт: Гуго Глязер, Исследователи человеческого тела от Гиппократа до Павлова, Москва, 1956.                               Я. М. Қобилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …