Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИТРАТИ ДАРВОЗӢ Лутфуллоҳхоҷа

ФИТРАТИ ДАРВОЗӢ Лутфуллоҳхоҷа

ФИТРАТИ ДАРВОЗӢ Лутфуллоҳхоҷа (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар асри 19 ва аввали асри 20 зиндагӣ кардааст. Зодгоҳаш Дарвоз. Баъди хатми мактаб барои таҳсил ба Бухоро рафт. Мадрасаро тамом карда, саҳҳофиро пеша намуд. Фитрати Дарвозӣ шоири боистеъдод ва баркамоле буда, ашъори парокандаи зиёди ӯ дар баёзҳо дучор меоянд. Ба ҷамъоварии ашъори шоирони муосираш низ машғул шуда, ду баёз тартиб додааст, ки яке аз онҳо ба шакли дастнавис буда, дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон зери рақами 61 маҳфуз аст ва дигаре бо номи «Маҷмӯат-уш-шуаро» соли 1910 дар Тошканд ба табъ расидааст. Ин рубоӣ намунаи ашъори ӯст:
Ёқути лабат ба гавҳари ҷон надиҳам,
Куфри сари зулфи ту ба имон надиҳам.
Гуфтам: «Хунам ба гардани ғамзаи туст.
Хандиду ба ғамза гуфт: «Товон надиҳам».
А. Ҳабибов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …