Маълумоти охирин

ФИТРАТ

ФИТРАТ (тахаллус; тахаллуси нахустинаш Миҷмар; ном ва фамилияаш Абдурауф Абдураҳимов; 1886, Бухоро—1937, Тошкент), нависанда ва олими тоҷик. Профессор (1924). Дар мадрасаи Мири Араби Бухоро ва Институти Истанбул хондааст. Роҳбари ҳаракати ҷадидӣ ва яке аз сарварони ҷамъияти адабии пантуркистии «Чиғатой гурунги» («Сӯҳбати аҳли Чиғатой») буд. Аъзои Партияи Коммунистии Бухоро (1918—24). Нозири маорифи халқи РХСБ (1921), ҷонишини раиси Шӯрои нозирони халқ (19122), аъзои Бюрои сиёсии Партияи Коммунистии Бухоро буд. Дар Институти забонҳои шарқии Лазареви Москва (1923—24), Институти давлатии тадқиқоти илмии РСС Узбакистон (1926), Академияи педагогии Самарқанд, Дорулмуаллимили Бухоро ва Тошкент кор кардааст. Фитрат дар инкишофи насри бадеии тореволюсионии тоҷик фаъолона иштирок дошт. Дар соҳаи назм ба саромадояи адабиёти кслассикӣ пайравӣ мекард. Як муддат ӯ дар зери таъсири ҳаракати пантуркистӣ роҳи хаторо пеш гирифт. Пас аз соли 1925 роҳи дурусти эҷодиро интихоб кард. Дар инқилоби мадании Тоҷикистону Узбекистон иштирок намуд. Фитрат осорашро ба забонҳои тоҷикӣ («Мунозира», 1909; «Сайҳа», 1911; «Баёноти сайёҳи ҳинд», 1914—42; «Раҳбари наҷот», 1915; «Шӯриши Восеъ», 1927; «Аморати Бухоро», 1930 ва ғайра) ва ӯзбакӣ («Муҳаббати самимӣ», 1919; «Қиёмат» 1923; «Ошӯбгарони Ҳинд», 1920; «Абулфайзхон», 1924) таълиф кардааст. Роҷеъ ба назм, аз ҷумла вазни арӯз, инчунин оид ба Ҳофизи Убаҳӣ ва Сайфии Исфарангӣ ва дигар саромадони адабиёти тоҷику ӯзбек тадқиқот дорад. Дар эҷодиёти Фитрат ихтилофи зиёде ба назар мерасад. Масалан, агар дар «Миръоти хайр-улбашар» ном достони тоҷикиаш ғояи диниро тарғиб карда бошад, дар повести «Қиёмат» бар зидди он баромадааст.
Х. Мирзозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …