Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИСҶЕРАЛД Эдуард

ФИСҶЕРАЛД Эдуард

ФИСҶЕРАЛД (Ғitzjerald) Эдуард (31. 3. 1809, Бредфилд, Суффолк —14. 6. 1883, Мертон, Норфолк), шоир ва мутарҷими англис. Дар Университети Кембриҷ хондааст. Пас аз омӯзиши забони форсй соли 1856 «Саломон ва Абсол»-и Ҷомиро тарҷума кард. Хизмати Фисҷералд дар тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём (1859) хеле бузург аст. Маҳз ба воситаи тарҷумаи англисии Фисҷералд номи Хайём машҳури олам шуд. У рубоиёти Хайёмро бо такмилу иловаҳо чандин бор ба табъ расонида, самимият, хирад, ҳикмат ва рӯҳи ашъори мутафаккирро ҳифз намудааст. Тарҷумаҳои Фисҷералд аз шоҳкориҳои назми англис ба шумор мераванд. Фисҷералд осори Софокл, Эсхил, Калдерон, Молер ва дигаронро низ тарҷума кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …