Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРУЗОБОДИ Абӯтоҳир Муҳаммад

ФИРУЗОБОДИ Абӯтоҳир Муҳаммад

ФИРУЗОБОДИ Абӯтоҳир Муҳаммад ибни Яъқуб ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҷдуддини Шофеии Шерозӣ (1327, шаҳри Козаруни Шероз—1415), луғатнависи араб. Эронинажод. Дар Шероз, Васит, Бағдод ва Димишқ таҳсил карда, 10 сол дар Байтулмуқаддас дарс гуфтааст. Ба Миср, Макка ва Деҳлӣ (5 сол) мусофирот кардааст. Асари муҳимми Фирузободӣ «Қомус-ул-муҳит» мебошад, ки шарҳу тафсири 60 ҳазор моддаи луғавиро дар бар мегирад. Муаллиф бори аввал дар луғатсозии араб аз аломатҳои шартӣ [— «маъруф» (барои калимаҳои маъруф) …—«ҷамъ» (шумора), … —«мавзеъ» (макон, ҷой)… — «билод» (шаҳр, кишвар), … —қария (деҳа) ва ғайра] истифода кардааст. Шарҳи калимаҳо мухтасар аст. Маъхазҳои истифодашуда номбар нагардидаанд. «Қомус-ул-муҳит» бори аввал соли 1817 дар Калкатта нашр шуд. Тарҷумаҳои форсӣ ва туркии он мавҷуданд. Пас аз асари Фирузободӣ калимаи арабии «қомус» барои ифодаи фарҳангҳо ва асарҳои энсиклопедӣ маъмул гардид.
Адабиёт: Белкин В. М., Арабская лексикология, Москва, 1975.
Ф. Исоева.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …