Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРӮЗИ МАШРИҚӢ

ФИРӮЗИ МАШРИҚӢ

ФИРӮЗИ МАШРИҚӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 897), шоири форс-тоҷик. Аз пешгузаштагони Рӯдакӣ. Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» меорад, ки Фирӯзи Машриқӣ дар шоирӣ маҳорати хуб дошта, шеъри форсиро равону содда месурудааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин ду байтро Фирӯзи Машриқӣ дар сифати тири хаданг гуфтааст:
Мурғест хаданги ӯ аҷаб дидӣ,
Мурғе, ки ҳама шикри ӯ ҷоно.
Дода пари хеш каргасаш хадя,
То бачаашро барад ба мехмоно.
Адабиёт: Ашъори хамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.
С. Воҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …