Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФИРӮЗА

ФИРӮЗА

ФИРУЗА, як навъ минерал; СuАl6[РO4]4 (ОН) 8 • 4Н2O. Одатан дар шакли массаҳои яклухти ниҳонкристаллӣ, агрегатҳои гурдамонанд, раг ва ғайра дучор меояд. Фируза хира ва мумҷило буда, рангаш кабуди осмонӣ, кабуди сабзтоб ва бури сабзтоб аст.

firuza

Сахтиаш 5—6, зичиаш 2,6—2,8 г/см3. Фируза санги қиматбаҳо буда, онро дар заргарӣ барои нигин истифода мебаранд. Конҳои Фируза дар ШМА, Мексика, Эрон (Нишопур), инчунин дар СССР — Қазоқистоп, Узбекистон ва Тоҷикистон (Фирузакони Қаромазор, Самарқандаки раённи Исфара ва ғайра) мавҷуданд. Т. Олимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …