Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРӮЗ БАҲОР

ФИРӮЗ БАҲОР

ФИРӮЗ БАҲОР (Аҳмадов Фируз Ҳоҷиевич) (таваллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори советии тоҷик. Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977). Аъзои КПСС аз соли 1984. Омузишгоҳи мусиқӣ, Институти давлатии мусиқию педагогӣ ва Консерваторияи Тошкентро (4971) хатм кардааст. Солҳои 1971—76 омӯзгори Институти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, аз соли 1976 котиби масъули Иттифоқи Бастакорони Тоҷикистон. Фируз Баҳор лауреати Конкурси сеюми умумииттифоқии бастакорони ҷавон (1969, Москва) ва Конкурси умумииттифоқӣ бахшида ба 60-солагии Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр (1977, Москва) аст. Дар асарҳои симфониаш таҳлили амиқи ҳодисоти зиндагӣ ва ҷаҳони мураккаби ҳолатҳои рӯҳии инсон ба назар мерасад. Асарҳои намоёнаш балети «Дувалронии нозанин» (1980), «Бузург» (ба Ибни Сино бахшидааст), «Наво» (дар асоси мақомҳо, 1980)   ва ғайра мебошанд. Фируз Баҳор муаллифи зиёда аз 50 суруд ва суруду мусиқии спектаклу кинофилмҳост.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …